Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи норинҷак дар назди пойгоҳи низомии Русия


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи ошкор шудани норинҷаке дар назди дарвозаи пойгоҳи низомии Русия, воқеъ дар кӯчаи ба номи Павел Ханжини шаҳри Душанбе, хабар дод. Гуфта мешавад, ки ин норинҷак дар як латтаи сафед печонида шуда ва омодаи инфиҷор будааст. Мақомоти ҳифзи тартибот норинҷакро безарар сохтаанд. Тафтиши ҳодиса ва ҷустуҷӯи афроде, ки норинҷакро дар канори дарвозаи пойгоҳи низомии Русия гузоштаанд, шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG