Онҳо тақозо доранд, ки додгоҳ қарори худро дар мавриди ба ҳашт соли зиндон маҳкум кардани собиқ вазири дифои Қирғизистон тағйир диҳад.
Гуфта мешавад, ки Исмоил Исоқов дар саҳлангорӣ, тороҷи амволи давлат ва тақсими ғайриқонунии манзили марбути вазорати дифои кишвараш муттаҳам дониста шуд. Додгоҳ вайро аз рутбаи генералӣ низ маҳрум намуд.
Акнун интизор меравад, ки генерал-лейтенант Исмоил Исоқов, ки тайи чанд муддат мақоми дабири амнияти Қирғизистонро низ бар ӯҳда дошт, ҳашт соли умри худро паси панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.
Аммо аъзои Кумитаи дифоъ аз табъизи сиёсӣ ва Кумитаи дифоъ аз маҳбус Исмоил Исоқов мегӯянд, ки агар додгоҳ қарори худро тағйир надиҳад, ҳамчунин мурофиаҳои додгоҳӣ дар муқобили собиқ вазири хориҷа Аликбек Ҷекшенқулов ва раиси ҳизби сабзҳо Эркин Булекбоев қатъ нагарданд, эътирозгарон аксуламалҳои худро дар Бишкек ва вилояти Ӯш беш аз пеш тавсеъа хоҳанд бахшид.
Дариға Умарова, ҳамсари генерал Исмоил Исоқов, ба бахши қирғизии радиои Озодӣ ҳодисаи ба додгоҳ кашидани шавҳарашро такрори табйизҳои сиёсии соли 1937-и қарни гузашта унвон кард.
Ҳамсари генерал Исоқов ҳамчунин гуфт, итминони қавӣ дорад, ки амалҳои ҳукумати кишвараш аз чашми мардум ҳаргиз пинҳон нахоҳанд монд ва рӯзе фаро хоҳад расид, ки бегуноҳии шавҳараш собит хоҳад шуд.
Як иштирокчии гуруснанишинӣ дар Бишкек мегӯяд, фазои демократӣ дар кишвараш кайҳо рахна пайдо кардааст. Вай афзуд, делел ин аст, ки дар ҳамин ҳол ҳар як шаҳрванди Қирғизистон аз роҳи зӯрӣ тибқи амру нишондодҳои ҳукумат бояд кору зиндагӣ кунад.
Тибқи хабарҳои расида чанд рӯз пеш тарафдорони генерал Исоқов масири стротегии Иркештом-Саритош-Ӯшро, ки гуфта мешавад, се кишвари ҳамҷавор-Қирғизистон, Тоҷикистон ва Чинро ба ҳам васл мекунад, масдуд карданд ва баъди ҳозир шудани гурӯҳи кормандони умури интизомӣ ҳаракати нақлиёт дар ин масир дубора барқарор шудааст.