Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, ҷанги Ироқ поён меёбад


Дар Паёми солонаи худ ба Конгресс ва мардуми Амрико, президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама гуфт, ҷанги Ироқ рӯ ба поён аст ва нерӯҳои Амрико ба ватанашон хоҳанд баргашт.

Вай афзуд, бозгашти нерӯҳо аз рӯи замонбандии эълоншуда то охири моҳи августи соли 2010 амалӣ хоҳад гашт. Обама изофа кард, ки бо вуҷуди хуруҷ аз Ироқ Иёлоти Муттаҳида кӯмакҳояш ба ин кишвар ҳам дар робита ба интихоботи ояндаи Ироқ ва ҳам дар коршарикӣ бо мардуми Ироқ барои истиқрор ва таҳкими сулҳу шукуфоии минтақаӣ идома хоҳад дод. Обама ин хуруҷ аз Ироқро як хуруҷи "масъулиятшиносона" номид.

Обама гуфт, ҳанӯз ҳамчун номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико, ваъда дода буд, ки ҳамчун президент ҷангро дар Ироқ хотима медиҳад ва сарбозони амрикоиро ба ватанашон бармегардонад.

Дар мавриди шабакаи террористии ал-Қоида Обама гуфт, дар як соли гузашта "садҳо" аъзои ин созмон ва пайравони онҳо, аз ҷумла бисёр раҳбарони баландпояи онҳо, кушта ё боздошт шудаанд, ки хеле бештар аз соли 2008 аст.

Дар ҳоле ки Обама ҷанги Ироқро тақрибан тамомшуда мешуморад, аз он нигарон аст, ки дар Афғонистон рӯзҳои мушкил дар пешанд. Вале ӯ гуфт, бовар дорад, ки эътилофи таҳти сарварии Амрико дар Афғонистон муваффақ хоҳад гашт. Обама барномаи афзоиши нерӯҳо дар Афғониситон ва густариши тамрини нерӯҳои амниятии ин кишварро такрор кард. Вай гуфт, аз моҳи июли соли 2011 нерӯҳои Афғонистон тадриҷан назорати амниятро ба дасти худ мегиранд ва ин имкон хоҳад дод, ки хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон шурӯъ шавад.

Дар Паёми солонаи худ ба Конгресс ва мардуми Амрико, президент Обама ҳамчунин гуфт, Эрон ва Кореяи Шимолӣ зимни талошҳояшон барои дастёфт ба силоҳи ҳастаӣ бо инзивои бештари байнулмилалӣ рӯбарӯ мешаванд. Вай ишора кард, ки Кореяи Шимолӣ акнун пас аз озмоиши ахири ҳастаияш дар соли гузашта бо таҳримҳои таҳкимдидаи Созмони Милал рӯбарӯст ва раҳбарони Эрон барои нодида гирифтани ӯҳдадориҳои байнулмилалии худ дар масъалаҳои ҳастаӣ бо "пайомадҳои афзоянда" муовҷеҳ хоҳанд буд.

Бо вуҷуди баррасии масъалаҳои ҷаҳонӣ, бахши аъзами Паёми солонаи Обама, нахустин паёми солонааш пас аз шурӯъ ба иҷрои вазифаҳои раисиҷумҳури Амрико, ба талошҳояи ӯ дар таҳрики иқтисодиёти Иёлоти Муттаҳида, коҳиши бекорӣ дар Амрико, ки акнун ба 10 дарсад расидааст ва кӯшишҳои ислоҳот дар бимаи беҳдоштӣ тамаркуз ёфт.

XS
SM
MD
LG