Агар бовар намекунед, ин видеоро бубинед ва ҳатман давоми навиштаро бихонед.
Албатта, онҳое, ки “намедонаму чум” мегӯянд, ғолибан дар интихобот ҳам ширкат нахоҳанд кард, интихоботе, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон онро “имтиҳони ҷиддӣ” барои кишвар хондааст.
Камтаваҷҷӯҳии мардум ба интихобот сабабҳои зиёд дорад, аммо яке аз сабабҳо шояд расонаҳоянд, ки ба ҷойи боло бурдани огаҳии сиёсӣ ва ташвиқи мардум барои истифода аз ин ҳаққи муҳими худ, ин мавзӯъро дар раддаи охир мегузоранд.
Шояд кам кишваре ёфт шавад, дар замони корзори интихоботӣ телевизионҳояш, ба ҷойи намоиши баҳсу таблиғ ё хабарҳои интихоботӣ, аз “шудгору чигит ва заҳролудкунии тухмӣ” барнома пахш кунад. Барномаҳои хабарии телевизионҳо то ба андозае дилгиркунандаанд, ки мардум одат кардаанд, бо шурӯъи барномаи хабарӣ, ба телевизионҳои русӣ бигзаранд.
Агар таҳлилу баҳси рӯзномаҳои мустақили Тоҷикистонро мисол биёред ва эътироз кунед, ки инҳо “магар доир ба интихобот нестанд?”, пас посух ин аст, ки бо 10 ё 15 ҳазор нусха ин рӯзнома, дар дасти шаҳриҳо тамом мешавад ва барои 3 миллиону 400 ҳазор раъйдиҳанда, ки аксарияташон сокини рустоҳоянд, кофӣ нест. Ва худи ин як нуктаест, ки аз ҳоло нозирони хориҷии интихобот (Созмони амният ва ҳамкории Аврупо) дар дафтари худ ба ҳайси як намунаи нуқси интихоботи порлумонӣ ёддошт кардаанд.
Бетаваҷҷӯҳӣ ба интихобот аз таҷрибаи интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон бармеояд. Ба ғайр аз нозирони кишварҳои муштаракулманофеъ, ки интихоботҳои Туркманистонро ҳам шаффофу одилона хондаанд, то кунун нашунидаем, ки интихоботҳои Тоҷикистонро касе шаффофу озоду одилона ва демократӣ номида бошад. Ҳол он ки ин ифтихори кишвар мешуд, агар аз интихобот мо ситоиш кунанд. Дастикам дар ҳамин ришта осонтар мешавад эътибори неки байнулмилалӣ ба даст овард.
Беҳуда нест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон борҳо гуфтааст, талабгори интихоботи озоду одилона ва шаффоф аст. Вале оё кӣ метавонад, кафолат диҳад, ки дар сатҳи поён ва миёна ин ваъдаи президент пос дошта мешавад? Чаро ақидае маъмул аст, ки бетаваҷҷӯҳии мардум ба интихобот ва "хаппу дам" гузаштани он ё ҳатто тақаллубу хилофкорӣ ба манфиати ҳизби ҳоким аст? Оё ҳизби ҳоким метавонад, исбот кунад, ки ин гуна нест?
Бо вуҷуди он ки тақаллуб дар интихоботи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо “чизи нодир” аст, аммо ҳамин бемайлии мардум ба интихоботи вакилони порлумони Аврупо сабаб гашт, ки дар он миллатгароёни ашаддӣ ва ба қавле “беобрӯкунандагони Аврупо” дар порлумон соҳиби курсӣ шуданд.
Баъид ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон чунин иттифоқе биафтад ва ҳизбҳои гапнодарои ҳукумат курсие ба даст оранд, аммо дилсардии мардум ба интихобот дар ниҳоят кишвар ва давлатро беэътибор хоҳад кард ва монеаи пешрафти сиёсӣ хоҳад шуд.
Шояд ба ҷои шикоят аз ҳама бояд аввал ба худ нигарист? Оё як интихобкунанда дарк мекунад, ки интихобот ҳаққи қонунии ӯ барои табдили ҳукуматаш бо роҳи осоишта аст? Шумо ба интихобот меравед? Худ раъй медиҳед ва ё ба ҷои ҳамаи аъзои оила раъйи Шумо дода хоҳад шуд?
Аз ин рӯ бигзоред, то ҳар нафар дар интихобот ширкат кунад, онҳоро ташвиқ кунед, бигзоред, то баҳсҳои аҳзобро бишнаванд ва аз он миён худашон ҳар касрову ҳар ҳизберо, ки хубтар меёбанд, интихоб намоянд.