Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи торики ҳиҷоб дар Фаронса


Баъди шаш моҳи баҳсу мунозираҳо дар атрофи либоси бонувони мусалмон дар Фаронса Комиссияи парлумонӣ билохира эълон кард, ки тавсияҳои худро дар мавриди қисман мамнуъ кардани чодари исломӣ омода кардааст.

Гузориши 200-сафҳагӣ, ки хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз он намуна овардааст, мегӯяд, комиссия 10 тавсия, бо шумули манъи пӯшидани ҳиҷоб дар бемористон, макотиб ва нақлиётро омода кардааст. Тавсияи манъи ҳиҷоб дар идораҳо мегуяд, ҳар хонуме, ки вориди ин идораҳо мешавад, бояд то хориҷ шудан аз онҳо чеҳраи боз дошта бошад. Агар ин қоида риоя нашавад, табъан, идора ҳақ дорад аз хизматрасонӣ ба корафтода даст кашад. Барои намуна, як хонуми чодарпӯш, ки мехоҳад аз кӯмаки умумии давлатӣ баҳра бардорад, дар сурати сарпечӣ аз боз намудани чеҳрааш метавонад аз идора бо дасти холӣ берун шавад. Аммо гузориш мегуяд пӯшидани ҳиҷоб ё бурқа дар маҳалҳои хусусӣ ва кӯчаву бозор иҷозат аст.

Фаронса бузургтарин ҷамъияти мусалмонҳо дар Аврупоро дорад ва теъдоди онҳо 5 миллион номбар мешавад.

Вазорати дохилии Фаронса гуфтааст, ҳудудан 1900 зани мусалмон дар кишвар ҳиҷоби комил ё ниқоб мепӯшанд, ки на танҳо чеҳра, балки
Николя Саркозӣ: "Бурқа нишони диндорӣ нест. Ин нишони тобеъият ва сарсупурдагист. Ман бо тантана эълон мекунам, ки ин дар қаламрави Фаронса истиқбол нахоҳад шуд."
чашмҳои онҳоро низ нонамоён мекунад. Хилъати дарози сиёҳ як чуӯзъи ҳамин лбос аст. Баъзеҳо бурқа мепӯшанд, ки он низ чашмро аён намекунад.

Бо назардошти баробарии ҳуқуқи зану мард, комиссияи иборат аз 32 намоянда ҳамчунин мехоҳад, ба онҳое, ки аз тундгароӣ аломат медиҳанд, асноди шаҳрвандии Фаронса дода нашавад.

Пажӯҳиши ин мавзӯъ дар ҳоле шурӯъ шуд, ки раисҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ гуфт, Фаронса аз ин гуна либос истиқбол намекунад.

"Бурқа нишони диндорӣ нест. Ин нишони тобеъият ва сарсупурдагист. Ман бо тантана эълон мекунам, ки ин дар қаламрави Фаронса истиқбол нахоҳад шуд."

Назарсанҷиҳо дар Фаронса гувоҳи онанд, ки аксари кулли бошандагони ин кишвар аз манъи ҳиҷоб пуштибонӣ мекунанд ва ин гуна либосро ҳамчун роҳе ба сӯи тундгароӣ, тавҳини баробарии ҷинсӣ ва таҳқири сохти дунявии давлат арзёбӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар, бисёр раҳбарони мусалмон аз он шикоят доранд, ки баҳсу мунозира дар мавзӯъи ҳиҷоб бо баҳси ҳувияти миллии
Бисёр раҳбарони мусалмон аз он шикоят доранд, ки баҳсу мунозира дар мавзӯъи ҳиҷоб бо баҳси ҳувияти миллии фаронсавиҳо омезиш ёфта, дар баъзе мусалмонҳо эҳсосеро бедор кардааст, ки гуё ҳукумати Фаронса мазҳаби онҳоро нишон гирифтааст.
фаронсавиҳо омезиш ёфта, дар зеҳни баъзе мусалмонҳо ақидаеро ба вуҷуд овардааст, ки гуё ҳукумати Фаронса мазҳаби онҳоро нишон гирифтааст.

Ҳоло маълум нест, ки ҳукумати Фаронса ва ё парлумони ин кишвар ҳамаи тавсияҳои комиссияро мепазирад ва ё баъзеи онҳоро. Аммо, гуфта мешавад, ҳеҷ амалкарде дар ин замина то баргузории интихоботи маҳаллӣ дар моҳи март сурат нахоҳад гирифт.

Соли 2004 Фаронса рӯсариро ҳамчун рамзи мазҳабӣ дар мактабҳои давлатӣ мамнӯъ эълон кард. Бурқаву чодар дар кишварҳои дигари аврупоӣ низ маҳдуд шудааст.

Афзоиши таваҷҷӯҳ ба ҳиҷоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00
XS
SM
MD
LG