Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина Путин ва Медведевро аз ҳам ҷудо кард?


Нахуствазири Русия Владимир Путин гуфт, зидди “украинисозии ҳаёти сиёсии Русия” мебошад. Вай дар як ҷаласаи Шӯрои давлатӣ ишораи мармуз ба мухолиф буданаш ба ақидаи раисиҷумҳур Дмитрий Медведев кард.

Вале Медведев дар он ҷаласаи Шӯрои давлатӣ дубора ба муҳиммияти плюрализми сиёсӣ таъкид намуд.

Аммо Владимир Путин, ки дар ин ҷаласа ба ҳайси раиси бузургтарин ҳизби рӯ ба Кремлин “Русияи воҳид”, ширкат дошт, гуфт, “сабукиҳои бештари сиёсӣ” Русияро дар як ҳоли номуайянӣ қарор хоҳад дод, он гуна ки ҳоло дар Украина ин фазо ба мушоҳида мерасад. Ин андешаи Путин пас аз суханронии раисиҷумҳур Медведев, садо дод, ки гуфт, “ҷомеаро набояд идора кард”.

Мавзуи нишасти Шӯрои давлатии Русия ғайриоддӣ буд. Барои нахустин бор дар ин нишаст масоили марбут ба сиёсати дохилӣ, рушди низоми демократӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт ...
Мавзуи нишасти Шӯрои давлатии Русия ғайриоддӣ буд. Барои нахустин бор дар ин нишаст масоили марбут ба сиёсати дохилӣ, рушди низоми демократӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бахши аъзами суханронии Медведев ба низоми сиёсӣ ва интихоботҳои сатҳи маҳаллӣ дар Русия бахшида шуд ва ӯ бештар аз кори волиёни минтақаҳо ва заъфи аҳзоби сиёсӣ интиқод кард.

Раисҷумҳур Медведев гуфт, Русияро танҳо одамони оқил метавонанд ба як кишвари дар воқеъ муқтадир табдил диҳанд ва зимнан, зарур аст, ки гуногунандешӣ дар ҷомеа таъмин ва ҳифз шавад.

Вай гуфт, ояндаи наздик ба баррасии Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуни наверо пешниҳод хоҳад кард, ки роҳ ёфтани ҳизбҳои сиёсиро ба парлумонҳои маҳаллӣ пас аз касби панҷ дарсади раъйи мардум имконпазир мекунад.

Медведев ҳамчунин таъкид кард, ки иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар маъракаҳои сиёсӣ дар минтақаҳои Русия бас заиф аст.

Вай ба унвони мисол гуфт, соҳиби 32 ҷой аз ҷамъи 35 курсӣ дар Маҷлиси вакилони Маскав шудани ҳизби “Русияи воҳид” дар интихоботи ахир, ба ақл рост намеояд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки ҳизбҳои мухолиф ба тақаллуб ва ғайриодилона сурат гирифтани интихоботҳо дар музофотҳои Русия ишораҳо мекунанд.

Ба гуфтаи Медведев, бо чунин ҳол, таъмини гуногунандешӣ ва бунёди ҷомеаи мардумсолорӣ мушкил аст.

Сергей Митрохин, раҳбари Ҳизби “Яблоко”, мегӯяд, садди асосии рушди низоми сиёсии Русия – монополизм аст. Вай меафзояд, “инҳисор се чеҳра дорад: якум, инҳисори як ҳизб – “Русияи воҳид” аст, ки ҳукуматҳо ва парлумонҳоро таҳти контрол дорад. Аз сатҳҳои боло то поин. Намуди дуввуми монополизм – мудохила ва таъсири ҳокимияти иҷроия ба умури ҳокимияти қонунгузор ва судист. Ва ниҳоят, худкомагии мансабдорон, ки ба масали “Худам шоҳу табъам вазир” кор мекунанд. Бо чунин ҳол, дар низоми сиёсии кишвар ҳеҷ як ислоҳот ва навсозиро, ки президент Медведев орзу дорад, намешавад анҷом дод”.

Ва аммо раиси ҳизби ҳокими “Русияи воҳид”, ҳамзамон нахуствазири Русия Владимир Путин, мегӯяд, дар ҳар гуна тасмимгирӣ барои ворид кардани ислоҳот дар низоми сиёсӣ бояд аз эҳтиёт кор гирифт, то вазъият аз будаш бадтар нашавад.

Ба гуфтаи ӯ, “дар ин ҷода бояд эҳтиёткорона амал кард. Ба ҳеҷ сурат ба “укроинисозӣ”-и ҳаёти сиёсии Русия набояд роҳ дод. Ва низ набояд ба самти тоталитаризм ва зулму истибдод баргардем. Аммо ин ҳанӯз ҳам дар қаламрави Шӯравии собиқ мушоҳида мешавад”.

Ва аммо раисиҷумҳур Дмитрий Медведев дар фароварди ҷаласаи Шӯрои давлатӣ аз ҳозирин даъват кард, ки дар “мӯътадил” арзёбӣ кардани низоми сиёсии Русия “ба ифрот роҳ надиҳанд”.

Вай ҳамчунин батаъкид гуфт, “бозгашт ба низомии сиёсии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ғайримумкин аст”.
XS
SM
MD
LG