Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳои нав дар бораи инфиҷорҳои Бағдод


Аз шаҳри Бағдоди Ироқ дар бораи пайёмадҳои се инфиҷор гузоришҳои нав мерасад. Шумораи кушташудагон дар ин инфиҷорҳо ба 36 нафар расидааст ва шумораи маҷруҳон 70 нафар гуфта мешавад. Як инфиҷор дар соҳили шарқии руди Даҷла дар назди даромадгоҳи меҳмонсарои Иштар Шератон, инфиҷори дигар дар меҳмонсарои Бабилон рух додааст, мемонсарое, ки бештар дар он ҷо сайёҳони ироқӣ мезистанд ва гоҳо мақомоти ҳукумати Ироқ низ дар он ҷо ҷаласаҳои худро баргузор мекарданд. Инфиҷори севвум дар назди меҳмонсарои Ҳамра рух додааст, меҳмонсарое, ки бисёрии рӯзноманигорони хориҷӣ дар он ҷо иқомат мекарданд.
XS
SM
MD
LG