Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳроҳи гарданаи Шаҳристон дубора боз шуд


Ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд тавассути гарданаи Шаҳристон пас аз 6 рӯз дубора шурӯъ шуд. Бар асари бориши барфи шадид ва тармарезӣ дар қисмати зиёди гарданаи Шаҳристон ин шоҳроҳ банд буд. Анзур Раҷабов, корманди нозироти нақлиёт дар минтақаи Зарафшон, гуфт бо иллати дар 17 минтақаи Шаҳристон фаромадани тарма роҳсозон тавонистанд тайи шаш рӯз роҳро поккорӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, роҳ танҳо барои гузаштани як мошин тоза шудааст ва феълан мошинҳо аз ду тарафи гардана бо навбат ағбаро убур мекунанд.
XS
SM
MD
LG