Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Афғонистонро ба таъхир андохтанд


Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон эълом кард, ки интихоботи порлумонии рӯзи 22 майро то моҳи сентябр ба таъхир андохтааст. Ба гуфтаи Фозил Аҳмад Маънавӣ - намояндаи кумиссиён, онҳо 120 миллион доллари зарурӣ барои баргузории интихоботро ба даст наёвардааст, то онро саривақт доир намояд. Вай афзуд, нигарониҳои амниятӣ ва масоили икмолотӣ ва ҳамчунин зарурат ба вақт барои ислоҳи ҷараёни интихобот аз омилҳои дигари таъхир дар интихобот аст. Интизор меравад, ки ҳомиёни ғарбии Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон аз ин ҳаракат хушнуд шаванд, зеро онҳо хоҳони ислоҳот дар ҷараёни интихобот ҳастанд, то тақаллубкориҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар соли гузашта, такрор нашавад. Интихоботи порлумонӣ ба рӯзи 18 сентябр таъйн шудааст.
XS
SM
MD
LG