Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден хостори интихоботи шафоф дар Ироқ шуд


Ҷо Байден – муовини раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи ҷумъа гуфт, интихоботи порлумонии моҳи март дар Ироқ, бояд шафофу одилона ва қобили эътимод бошад. Ҷо Байден дар ин бора зимни мулоқот бо мақомоти олирутбаи Ироқ сухан гуфтааст. Ҷо Байден рӯзи ҷумъа вориди Бағдод шуд, то дар рафъи ихтилофоти назар доир ба масоили мавҷуд дар интихобот мусоидат кунад. Антонӣ Блинкен – мушовири амниятии Ҷо Байден гуфт, Амрико итминон дорад, ки “ироқиҳо худашон қодир ба рафъи ихтилофи назарҳояшон” мебошанд. Алӣ Ал-Даббоғ сухангӯи ҳукумати Ироқ ҳам мегӯяд: "Адолат ва посухгӯӣ, ҳамчун як масъала ва ҳамчун умури дохилаи Ироқ бояд аз тарафи ироқиҳо баррасӣ шавад. Ҷаноби Байден ҳам ба нахуствазир Моликӣ таъйид кард, ки ин масъаларо бояд худи ироқиҳо баҳс кунанд ва дар инҷо на Амрико ва на ӯ нақше надоранд. " Маҳрум кардани афроди зиёде аз ҳаққи ширкат дар интихобот нигарониҳоро доир ба баргузории он афзудааст. Мақомоти Ироқ садҳо нафар, аз ҷумла сиёсатмадорони суннимазҳаб ва шиъаро аз ҳаққи ширкат дар интихоботи рӯзи 7 март маҳрум намуданд.
XS
SM
MD
LG