Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари президенти Узбакистон сафир дар Испания таъин шуд


Бо фармони раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, духтари ӯ, Гулнора сафири Узбакистон дар Испания ва собиқ сафири Узбакистон дар Иёлоти Муттаҳида, Абдулазиз Комилов ноиби аввали вазири умури хориҷии Узбакистон таъин шуданд. Гулнора дар гузашта корманди сафорати Узбакистон дар Русия буд ва Комилов аз моҳи октябри соли 2003 дар вазифаи сафири Узбакистон дар Амрико кор мекард. Комилови 62-сола инчунин дар солҳои 1994-2003 дар вазифаи вазири умури хориҷии Узбакистон кор ва дар гуфтушунидҳои сулҳи Тоҷикистон ширкат кардааст.
XS
SM
MD
LG