Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадаме ба муколамаи сиёсӣ дар Эрон?


Ҷаводи Итоат дар баҳси телевизионӣ.
Ҷаводи Итоат дар баҳси телевизионӣ.

Телевизиони давлатии Эрон пахши муколамаҳои мустақими телевизиониеро шурӯъ кард, ки нахустин бор дар онҳо чеҳраҳои наздик ба мухолифон ширкат мекунанд.

Сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат, аз ҷумла Мирҳусайни Мӯсавӣ, пешвои мухолифон, дер боз хоҳони чунин муколама буданд. Ба эътиқоди баъзе аз нозирон, ин муколамаҳо, аломати ақибнишинии ҳукумат ва талоши он барои фӯру нишондани танишҳо дар Эрон аст.

Баъзеи дигар мегӯянд, ин ҳаракати бесобиқаи ҳукумат, ҳамчунин нишондиҳандаи ихтилофи афзоянда дар худи доираҳои муҳофизакори
Муколамаҳои сиёсӣ ва бархилофи одати маъмулӣ роҳ додани чеҳраҳои наздик ба мухолифон ба телевизиони давлатӣ, баҳси зиёдеро дар ҷомеаи Эрон барангехта ва бисёриҳоро ҳайратзада кардааст....
Эрон аст, ки баъд аз интихоботи моҳи июн шоҳиди тазоҳуроти азими мардумӣ ва авҷ гирифтани норизоиятиҳо шуданд. Дар интихоботи ҷанҷолии моҳи июни раёсати ҷумҳур дар Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажодро раиси ҷумҳур эълом карданд, ки бо ин Ҷумҳурии Исломии Эрон ба яке аз бӯҳронҳои амиқи сиёсӣ дар таърихи худ рӯ ба рӯ шуд.

Муколамаҳои сиёсӣ ва бархилофи одати маъмулӣ роҳ додани чеҳраҳои наздик ба мухолифон ба телевизиони давлатӣ, баҳси зиёдеро дар ҷомеаи Эрон барангехта ва бисёриҳоро ҳайратзада кардааст.

Лайло – соҳибхоназани 41-солаи теҳронӣ мегӯяд, хушҳол шуд, вақте дид, ки чӣ гуна вакили собиқи порлумон мегуфт, ки мақомот эътироф мекунанд, ки Ҷумҳурии Исломӣ низоми диктаторист.

Дар барномаи “Рӯ ба фардо” муҳофизакорони тундрав ва сиёсатмадорони мӯътадилро ба баҳс даъват мекунанд. Дар муколамаи ахир, Ҷавод Итоат - узви собиқи порлумон ва тарафдори Мирҳусайни Мӯсавӣ ошкор ҳукумати Эронро интиқод намуда гуфт, ки мақомот мардумро аз ҳаққи танқид маҳрум кардаанд.

Рӯзбеҳ Иброҳимӣ, хабарнигори эронӣ, мегӯяд, роҳ додани чеҳраҳои мухолифин ба телевизиони давлатӣ, зоҳиран як саъйи доираҳои мӯътадили муҳофизакор барои рафъи бӯҳрони сиёсии феълӣ ва фӯру нишондани танишҳо дар Эрон аст.

Ба гуфтаи Рӯзбеҳ Иброҳимӣ, ин барнома, эътирофи расмист, ки Эрон ба бӯҳрон дучор шудааст, чизе ки мақомот аз эътирофи ошкори он худдорӣ варзидаанд. Ба эътиқоди Аббос Абдӣ - хабарнигори шинохтаи ислоҳталаби эронӣ, сабаби аслии оғози муколамаҳои сиёсӣ, коҳиш додани таваҷҷӯҳи мардум ба телевизионҳои форсизабони хориҷист, ки дар Эрон бинандагони зиёд ёфтаанд.

Бино ба гузоришҳо, муколамаҳои телевизиониро мардуми зиёде дар шабакаи сеюми телевизиони Эрон тамошо кардаанд. Айни ҳол муколамаҳои сиёсӣ аз тарафи баъзе аз муҳофизакорон ва қонунгузорони ислоҳталаб бо эҳтиёт истиқбол шудааст. Аз ҷумла Алии Лориҷонӣ - раиси порлумони Эрон гуфтааст, ки муколамаҳо бояд доимӣ бошанд. Қудратуллоҳ Алихонӣ - қонунгузори ислоҳталаб ибрози умедворӣ кардааст, ки бо идомаи муколамаҳо як рӯз, Мӯсавӣ ва Каррубӣ ҳам дар телевизион роҳ меёбанд.

Аммо аз ҳоло ин муколамаҳо, ки ҳафтае се маротиба нашр мешаванд, ба баъзе аз маҳофили муҳофизакори Эрон хуш наомадааст. Рӯзномаи муҳофизакори “Рисолат” навиштааст, ки ин муколамаҳо то ба ошӯб мерасонанд. Як фаъоли донишҷӯӣ ва тарафдори Ҷунбиши Сабз, ҳам мегӯяд, муҳофизакорон ин муколамаҳоро “хатарнок” медонанд, зеро метавонад чашми баъзе аз тарафдорони ҳукуматро боз кунад.

Ин фаъоли ҳаракати донишҷӯӣ мегӯяд, талоши оштиҷӯёнаи ҳукумат дер расидааст ва мухолифонро қонеъ нахоҳад кард, ки тарафдорони онҳо барои тазоҳурот дар моҳи феврал дар санаи таҷлил аз солгарди инқилоби исломӣ дар соли 1979 омода мешаванд. Рӯзбеҳ Иброҳимӣ мегӯяд, бо вуҷуди ин талоши мусолиҳакоронаи муҳофизакорони тундрав барои фӯру нишондани бӯҳрони пасоинтихоботӣ, онҳо ҳоло дар Эрон дастболоянд.

Ҳафтаҳои гузашта боздошти тарафдорони фаъолони мухолифон идома ёфт ва аввали ҳамин ҳафта, Маҷид Таваккулӣ- яке аз фаъолони шинохтаи ҳаракати донишҷӯӣ дар Эронро ба ҳашт соли зиндон маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG