Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ҳукумати Тоҷикистонро танқид кард


Созмони мӯътабари Ҳюман Райтс Вотч дар гузориши тозааш ҳукумати Тоҷикистонро барои зери по кардани ҳуқуқи инсон интиқод кардааст. Дар гузориши солонааш дар мавриди мурооти ҳуқуқи инсон дар соли 2009, Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, соли гузашта ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба таври густурда зери по шудааст, аз ҷумла ҳуқуқ ба маскан, ҳуқуқи сиёсиву, озодии сухан ва эътиқод ва ғайра. Ба гуфтаи созмон, маъмурони амниятии Тоҷикистон соли гузашта низ пайваста зиндониёну боздоштшудагонро азияту шиканҷа мекарданд. Ҳюман Райтс Вотч бо зикри гузориши соли гузаштааш дар мавриди нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, гуфтааст, то кунун ҳеҷ вокунише аз ҳукумати Тоҷикистон нагирифтааст ва авзоъи муҳоҷирон ҳамон гуна ки буд, боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG