Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадамҳои писари президент дар ҷодаи сиёсат


Максим Боқиеви 32-сола ахиран раиси Оҷонси марказии рушд ва сармоягузории Қирғизистон таъин шуд
Максим Боқиеви 32-сола ахиран раиси Оҷонси марказии рушд ва сармоягузории Қирғизистон таъин шуд

Аз Максим Боқиев, писари раисҷумҳури Қирғизистон, ки ба ҷумҳурии Чин ба ҳайси раҳбари Оҷонси марказии рушд ва сармоягузории кишвараш сафар кард, хуб истиқбол карданд: дӯстона, бо иззату икром, бо табассумҳои анъанавӣ, даст ба сина гузошта таъзимкуниҳо…

Расонаҳои хабарӣ гуфтанд, чунин тасаввур ҳосил мешуд, ки Пекин Максим Боқиевро ба мисли раисҷумҳури кишвари ҳамсоя қабул кард, ё дастикам ҳамчун вориси асосии курсии раёсатҷумҳурӣ.

Боқиеви хурдӣ муваффақ шуд, бо давлати Чин чанд санади барои кишвараш муҳими ҳамкорӣ ва сармоягузориро ба имзо расонад ва Чин ваъда кард, ки як пружаи энергетикии Қирғизистонро, ки 342 миллион доллар арзёбӣ мешавад, сармоягузорӣ хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Қирғизистон бо таъини писараш дар мақоми баланди давлатӣ, ки мустақиман ба худи ӯ тобеъ аст, қонунҳои кишварро поймол кард. Боқиев амалан писарашро нафари дуввум дар ҳукумати худ қарор дод ...
Хабаргузориҳои давлатии Қирғизистон баста шудани ин санади ҳамкорӣ бо Чинро яке аз муҳимтарин дастовардҳои ҳукумати кишвар дар 18 соли ахир хонда, Максим Боқиевро таҳсину офарин хонданд.

Ин паём гувоҳи таҳкими мақоми Боқиеви хурдӣ дар ҳукумати Қирғизистон аст, ки ӯро падараш – раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев охири соли 2009 дар чаҳорчӯби барномаи ислоҳоти сохтори идораи давлатӣ раҳбари яке аз ниҳодҳои навтаъсис таъин кардааст.

Оҷонси рушд ва сармоягузории Қирғизистон бо ҳадафи мусоидат ба рушди иқтисод ва тиҷорат дар ин кишвар таъсис дода шудааст. Ва аммо маҳофили соҳибкорӣ ва иддае аз сиёсатшиносони қирғиз раиси ин ожонс таъин шудани писари раисиҷумҳури вақтро тасмими бас нодуруст номида мегӯянд, Максим Боқиев манфиатҳои шахсии худро аз манофеи давлатӣ боло мегузорад.

Соҳибназарон бо таъкид ба фишороварии Боқиеви хурдӣ болои ширкатҳои тиҷорӣ, талоши таҳти контрол даровардаи тиҷорат дар кишвар ва талаби ришват аз соҳибкорон мегӯянд, ки вай бештар монеъи рушди иқтисод хоҳад шуд, то мусоидат ба он.

Ба иддаои сиёсатшинос Табилдӣ Акиров, писари раисиҷумҳур Максим амалан нафари дуввум дар ҳукумати Қирғизистон аст ва дар муайянсозии сиёсати давлатӣ нақши муассир мебозад.

Вай мегӯяд, “раисҷумҳури Қирғизистон бо таъини писараш дар мақоми баланди давлатӣ, ки мустақиман ва танҳо ба худи ӯ тобеъ аст, қонунҳои кишварро поймол кард. Боқиев амалан писарашро нафари дуввум дар ҳукумати худ қарор дод. Ин маънои онро дорад, ки вай қонунро нодида мегирад, гузашта аз ин, нисбат ба мардуми Қирғизистон беэҳтиромӣ мекунад”.

Ин ҳама дар ҳолест, ки Қурмонбек Боқиев се сол қабл дар як мусоҳибаи телевизионияш гуфта буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба “ҳукмронии хонаводагӣ” дар Қирғизистон роҳ нахоҳад дод:

“Баъзеҳо ба сарусадоҳо дар мавриди ин ки писари президент ва аъзои хонаводаи вай вориди тиҷорат ва сиёсати калон ҳастанд, бовар мекунанд. Набояд ба ин ҳама эътимод кунед. Набояд фикр кард, ки ҳоло ҳам сохтори идораи давлатии Аскар Акаев тағйир нахӯрдааст. Фарзандони ман, новобаста аз он ки тиҷорати хурд аст ё бузург, дар идораи он ширкат нахоҳанд кард. Ман ба чунин аъмоли бад, ки танҳо ба фоидаи хонаводаи худам анҷом мешавад, даст намезанам”.


Бо гузашти се сол аз миён, мардуми Қирғизистон шоҳиди ин ҳол гардиданд, ки раисиҷумҳури кишвар соҳиби каломи худ нашуд ва бар изофаи тақсими мансаб ба бародарону хешовандонаш, ахиран писарашро ҳам ба мақоми давлатӣ таъин кард.

Максим Боқиеви 32-сола чанд карат дар мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки вай “одами ҷамъиятӣ нест” ва “амбитсияҳои сиёсӣ надорад”. Аммо вай кафолат надодааст ё савганд нахӯрдааст, ки чунин амбитсияҳо дар оянда пайдо нахоҳанд шуд.

Максим ягона мисоли ширкати аъзои ходаводаи раисиҷумҳур дар идораи давлатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест. Дар Тоҷикистон, масалан, духтари президенти вақт Озодаи Раҳмон ҳоло дар маснади муовини вазири корҳои хориҷӣ ва писараш Рустами Эмомалӣ дар мақоми раҳбари шӯъба дар кумитаи давлатии сармоягузорӣ ифои вазифа мекунанд.

Ҳамин гуна мешавад аз Гулнора Каримова – духтари раисҷумҳури вақти Ӯзбакистон ва Дариға Назарбоева – духтари раисиҷумҳури вақти Қазоқистон мисол овард, ки дар кишварҳои худ бизнеси бузургро идора карда, дар шаклгирии сиёсати давлатӣ таъсир доранд.
XS
SM
MD
LG