Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдоварӣ аз рӯзи "январи сиёҳ" дар Озарбойҷон


Имрӯз 20-умин солгарди “январи сиёҳ”, рӯзи саркӯбии хушунатбори тарафдорони истиқлол дар Озарбойҷон аст, ки дар соли 1990 аз тарафи нерӯҳои шӯравии собиқ сурат гирифт. Ин ҳодисаро яке аз омилҳое медонанд, ки Иттиҳоди Шӯравиро ба суқуташ дар соли 1991 наздик кард. Рӯзи 20 январи соли 1990 нерӯҳои шӯравӣ ба хотири ҳифзи ҳокимияти коммунистҳо ва саркӯбии мухолифин ба шаҳри Боку пойтахти Озарбойҷон юриш бурданд. Тайи чанд рӯз 26 ҳазор сарбоз саъй карданд, то тазоҳургаронро пароканда намоянд ва бо тирандозӣ ба сӯи онҳо 130 нафарро кушта ва 700 тани дигарро маҷрӯҳ карданд. Баъди ин ҳукумати шӯравии собиқ дар Озарбойҷон вазъи фавқуллода эълом кард, ки он як сол идома дошт.
XS
SM
MD
LG