Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаъои ҷиддии ҳомиёни ҳуқуқ алайҳи Эрон


Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, имрӯз гуфт, ҳукумати Эрон бо таъқиби хабарнигорон “ҷиноят алайҳи башарият” содир мекунад. Ин созмони ҳомии хабарнигорон, дар баёнияе, ончӣ ки “идомаи боздоштҳои худсарона ва ғайриқонунии хабарнигорон” хондааст, маҳкум намуда ва мегӯяд, баъзе аз онҳоро дар танҳоӣ муддати тӯлонӣ нигаҳ медоранд. Ба гуфтаи Гузоришгарони Бидуни Марз, чунин боздошти тӯлониро метавон, «нопадидшавии иҷборӣ ва ҷиноят алайҳи башарият” ва нақзи қонунҳои байналмилалӣ донист. Созмон аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, то сари ин масъала алайҳи ҳукумати Эрон садо баланд кунанд.
XS
SM
MD
LG