Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боди нарм дар муносиботи сарди Маскав ва Киев


Дар давраи ҳукумати ғарбгарои Виктор Юшенко муносиботи Маскав ва Киев ба сардӣ гароид
Дар давраи ҳукумати ғарбгарои Виктор Юшенко муносиботи Маскав ва Киев ба сардӣ гароид

Баъд аз панҷ соли сардӣ дар робитаҳои дипломатӣ миёни Маскав ва Киев дирӯз Русия саранҷом таъини сафири навашро ба Украина ба поён расонд.

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев зимни мулоқоташ бо сафири наваш дар Украина Михаил Зурабов, ки қисман аз тариқи телевизион пахш гардид гуфт, "ман фикр мекунам, ки шумо бояд ҳамаи талошатонро барои таҳкими муносиботи зотан дӯстонаи мо ба кор баред".

Медведев ҳамзамон Зурабовро намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури робитаҳои тиҷорат ва иқтисод таъин кард.

Ин тасмим ба думболи шикасти президенти ғарбгарои Украина Виктор Юшенко дар даври якуми интихоботи раёсатҷумҳури ин кишвар рӯзи якшанбе 16 январ гирифта шуд. Дар даври дуввуми интихобот, ки қарор аст 7 феврал доир шавад, раҳбари мухолифин Виктор Янукович ва нахуствазири кунунӣ Юлия Тимошенко қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Аз нигоҳи таҳлилгарон ҳардуи ин номзадҳо дар муқоиса бо Юшенко бо Маскав робитаҳои дӯстона доранд. Дар чанд моҳи гузашта дар робита ба мавзӯъҳои мухталиф Юшенко бо Кремлин ихтилофи назар ва ҳатто бархурдҳои лафзӣ дошт.

Дмитрий Медведев бо як навъ тамасхури пушида бар ҳоли Юшенко изҳори умедворӣ намуд, ки сарвари ояндаи Украина дар тафовут аз раисиҷумҳури қаблӣ бештар бунёдкор хоҳад буд.

Михаил Зурабов, сафири нави Русия дар Украина, қаблан вазифаи вазири тандурустии Русияро бар уҳда дошт
Вай гуфт, “ман умед дорам, ки баъд аз он ки натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурии Украина интишор мегарданд, ин кишвар соҳиби раҳбарияти фаъол ва корӣ хоҳад шуд. Раҳбарияте, ки барои бунёди робитаҳои дӯстона, корӣ ва бисёрҷониба бо Русия омода бошад”.

Медведев Зурабовро ба мақоми сафир ҳоло моҳи августи соли 2009 таъин карда буд, аммо чанд рӯз баъд аз ин ба Юшенко номае навишт, ки бо нишони эътироз ба сиёсатҳои зиддирусии Киев сафирашро ба Украина намефиристад.

Баъд аз инқилоби норинҷии соли 2004 дар Украина ва ба сари қудрат омадани Виктор Юшенко муносибатҳои ду кишвар сахт ба сардӣ гаравиданд.

Сиёсати миллатгарои Юшенко ва кӯшишаш барои ҳамроҳ шудан ба паймони НАТО хашми Маскавро барангехта буд. Пуштибониаш аз мавқеъи Тифлис замони ҷанги Русия бо Гурҷистон августи соли 2008 ва маъракаи густарда бо иттиҳоми режими Сталин дар гуруснагии солҳои 30-юми асри 20 ва ҳалокати миллионҳо нафар дар Украина ба бозҳам печидатар шудани муносибатҳо овард.

Аммо маҳбубияти Юшенко дар дохили Украина низ коҳиш ёфт. Аксарияти аҳолӣ вайро дар иҷро накардани ваъдаҳои ислоҳот ва баровардани кишвар аз бӯҳрони иқтисодӣ муттаҳам мекунанд.

Дар интихоботи рӯзи якшанбе Юшенко ҳамагӣ наздик ба панҷ дарсади орои мардумро касб намуда, аз мубориза хориҷ гашт.
Ба назар мерасад, ки баъд аз шикасти Юшенко Маскав мехоҳад робитаҳояшро бо Украина аз сар бигирад.

Бо вуҷуди ин Маскав ба раисиҷумҳури ояндаи Украина ҳушдор низ дод. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, аз барандаи ояндаи интихобот даъват намуд, ки муносибатҳоро бо Маскав гаравгони баландпарвозиҳои шахсии худ накунад.

Зурабов дар ин мақоми сафири Русия Виктор Черномирдинро иваз мекунад, ки аз соли 2001 то соли 2009 ин вазифаро бар дӯш дошт.
XS
SM
MD
LG