Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Украинаро барои интихоботаш табрик гуфт


Амрико Украинаро барои кайфияти даври аввали интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ табрик гуфт. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филип Кровлӣ гуфт, САҲА, яке аз созмонҳое, ки ҷараёни интихоботи рӯзи якшанбе дар Украинаро назорат мекард, баргузории ин маъракаро нисбат ба интихоботҳои қаблӣ дар он кишвар беҳтар донистааст.
Дар даври аввали интихобот раҳбари мухолифин Виктор Янукович бо касби 35 дарсади оро пешсаф шуд ва рӯзи 7 феврал дар даври дуввуми раъйгирӣ бо сарвазири кунунии Украина Юлия Тимошенко, ки дар даври аввал 25 дарсад ба даст овардааст, вориди рақобат хоҳад шуд. Раисиҷумҳури феълии Украина Виктор Юшенко дар интихоботи рӯзи 17 январ ҳамагӣ 5,5 фоиз овоз гирифт.
XS
SM
MD
LG