Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия дар Украина ба кор оғоз мекунад


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия бо Михаил Зубарев-сафири Русия дар Украиана машварат орост. Зубарев дар соли 2009 сафир таъйин шуд ва акнун дар Киев ба иҷрои вазифааш оғоз мекунад. Медведев мегӯяд, Зубарев ҳамзамон намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия барои Украина хоҳад буд. Медведев ба Зубарев гуфт:

"Ман фикр мекунам, ки шумо бояд кори худро чун сафири мо дар Украина оғоз кунед ва ҳамаи талошатонро барои таҳкими муносиботи зотан дӯстонаи мо ба кор баред."

Ин хабар дар ҳоле мунташир мешавад, ки 5 моҳ муносиботи дипломатии Русияву Украина муттаваққиф шуда буд. Зубарев моҳи август сафир таъйин шуда буд, вале Медведев вайро ба Киев нафиристод ва гуфт, сабабаш сиёсатҳои зиддирусии Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури кунунии Украина аст.
XS
SM
MD
LG