Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳталаби эронӣ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд


Сомонаҳои интернетии мухолифини Эрон хабар медиҳанд, ки ислоҳталаби шинохта Мӯҳсин Сафоии Фароҳанӣ ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст. “Калима” ва “Парлумоннюс” мегӯянд, Фароҳаниро шоми шанбе аз ин ҳукм хабардор кардаанд. Фароҳанӣ дар радифи як идда ислоҳталабон ва хабарнигорони шинохта чанде баъд аз интихоботи рӯзи 12 июни раёсатҷумҳурии Эрон боздошт шуд.
Мақомот раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажодро барандаи он интихобот эълон карданд, вале мухолифин иддао доранд, ки пирӯзии ӯ дар натиҷаи тақаллуби густарда муяссар шудааст.
Фароҳанӣ аз раҳбарони Ҷабҳаи мушорикат, як ташаккули умдаи мухолифини Эрон буд.
XS
SM
MD
LG