Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович ва Тимошенко феълан пешсафанд


Натоиҷи шумориши пешакии интихоботи раёсатҷумҳурии Украина ҳокист, ки ба даври дуввум ва ниҳоии интихобот Виктор Янукович ва Юлия Тимошенко роҳ хоҳанд ёфт.

Комиссияи марказии интихобот бар пояи шумориши 80 дарсади раъйҳо гуфт, ки Янукович феълан 35,76 ва Тимошенко 24, 72 дарсади ороро ба даст овардаанд. Раиси собиқи Бонки миллии Украина Серҳий Тиҳипко феълан 13,05 ва раисҷумҳури кунунии Украина Виктор Юшенко ҳамагӣ наздики 5,33 дарсад дар даст доштаанд. Аз Юшенко бештар ҳатто номзади дигар Аркадий Ясенко 6, 96 фоиз гирифтааст.

Назарсанҷиҳои дар рӯзи раъйгирӣ анҷомшуда низ ба бартарии Янукович ва Тимошенко таъкид мекарданд. Бар асоси натоиҷи назарсанҷие ҳам, ки созмони миллии назарсанҷиҳои интихоботии Украина дар рӯзи раъйгирӣ, яъне 17-уми январ анҷом додааст, Виктор Янукович, раҳбари рӯ ба Маскави мухолифини ин кишвар ва сарвазири кунунии Украина Юлия Тимошенко, ки низ ҷӯёи равобити хубтар бо Русия аст, дар даври аввал ғолибан орои аз ҳама бештар ба даст овардаанд ва ғолибан ҳамин ду довталаб роҳии даври дуввум ва ниҳоии интихобот хоҳанд шуд.

Ukrainian Election
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00


Илко Кучерив, мудири Бунёди ташаббусҳои демократӣ, натоиҷи назарсанҷиҳои пешакиро чунин эълон кард: “Виктор Янукович – 31,5 фоиз, Юлия Тимошенко – 27,2, Серҳий Тиҳипко – 13,5 дарсад, Арсений Ятсенюк – 7,8 ва Виктор Юшенко - 6 дарсад.”

Дар сурати таъйид шудани чунин таносуби оро, дар даври дуввум ва ҳаллкунандаи интихобот дар таърихи 7-уми феврал маҳз Янукович ва Тимошенко барои дарёфти курсии раёсатҷумҳурии Украина вориди рақобат хоҳанд шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Киев Грегорӣ Фейфер, мегӯяд, агар натоиҷи ин назарсанҷиҳо тасдиқ шавад, пирӯзии бузурге барои Юлия Тимошенко хоҳад буд. Чунки қабл аз раъйгирӣ назарсанҷиҳо фосилаи байни ӯву Януковичро дар ҳудуди 10 дарсад рақам мезаданд, вале инак мебинем, ки фарқ ҳамагӣ чизе бештар аз 4 фоиз асту бас. Ва ин дар ҳолест, ки дар даври дуввум хонум Тимошенко метавонад ба орои изофии 16 довталаби дар даври аввал нокомшуда ҳам умед бубандад.

Ва аммо худи Юлия Тимошенко дар нахустин вокуниш ба натоиҷи ин назарсанҷиҳои пешакӣ гуфт, ин натоиҷ ҳокист, ки рақиби ӯ дар даври дуввум шонсе барои пирӯзӣ надорад. Ӯ шоми якшанбе дар Киев гуфт: “Натоиҷи интихобот, ончӣ ки мо алакай дидем, яъне натоиҷи назарсанҷии миллӣ дар рӯзи раъйгирӣ собит кард, ки Украина кишвари аврупоӣ ва демократӣ буд ва мемонад. Беш аз 60 дарсади интихобкунандагон барои Украинаи демократӣ, барои як кишвари комилан аврупоӣ раъй доданд ва ин чунин маъно дорад, ки Янукович, ки аз доираҳои ҷиноӣ намояндагӣ мекунад, шонс надорад.”

Аммо Виктор Янукович дар посух ба ҳарфҳои рақибаш гуфтааст, ки Тимошенко талош дорад, бо ҳар роҳи мумкин шумори зиёдтари мардумро ба тарафи худ бикашад. Вале барои ин ба бовари Янукович, хонум Тимошенкоро пеш аз ҳама лозим аст, иштибоҳҳои тайи 5 соли охир роҳдодаи худ ва тими “инқилоби норанҷӣ”-ро эътироф кунад ва ба гардан бигирад.

Интихоботи рӯзи 17-уми январ нахустин интихоботи раёсатҷумҳурӣ баъд аз инқилоби норанҷии поёни соли 2004-ум буд ва дар ҳоле баргузор шуд, ки мардуми Украина аз сиёсат ва сиёсатбозӣ хеле хаста шудаанд.

Тавре медонем, эълони пирӯзии пурбаҳси Виктор Янукович дар интихоботи соли 2004 мунҷар ба он шуд, ки ҳазорон нафар ба кӯчаву хиёбонҳо бирезанд ва даст ба намоишҳои густарда ва давомдоре бизананд, ки дар таърихи навини Украина бо исми “инқилоби норанҷӣ” маъруф аст. Зери фишори эътирозгарон натоиҷи он интихобот лағв шуд ва дар даври дуввум рақиби Янукович – Виктор Юшенко ғолиб омад ва барои 5 сол ба курсии раёсатҷумҳурии Украина нишаст.

Ва аммо бо гузашти 5 сол мебинем, ки Юшенко он маҳбубияти дар ибтидо доштаашро чӣ қадар аз даст додааст. Ба андозае ки дар интихоботи рӯзи 17 январ, бино бар назарсанҷиҳо, ҳамагӣ 6 дарсад раъй ба даст овардааст ва агар шумориши расмии оро низ ин таносубро таъйид кунад, ҳатто ба даври дуввум ҳам роҳ нахоҳад ёфт. Вале агар аз омор бигӯем, барои ширкат дар интихоботи Украина тақрибан 37 миллион нафари воҷиди шароити райъ сабти ном шуда буд.

Аммо гузоришҳои расида ҳокии хеле коҳиш ёфтани мизони мушорикати мардум дар интихоботи рӯзи 17 январ буд.

Бо ин ҳол, Юлия Тимошенко аз эҳтимоли тақаллуби густардаи натоиҷи интихобот дар минтақаи Донетск – зодгоҳи рақибаш Виктор Янукович ҳушдор додааст. Шикоёт дар бораи нақзи қонуни интихобот алакай аз саросари кишвар ба гӯш мерасанд. Ба хотири назорат ба ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии Украина чандин ҳазор нозири хориҷӣ, бо шумули ҳудуди 600 нозири САҲА басиҷ шуда буд.

Нахустин натоиҷи муқаддамотии интихоботи Украина имрӯз, 18 январ эълон хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG