Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ:Аз зилзила Леоганеи Ҳаитӣ бештар осеб дидааст


СММ мегӯяд, шаҳраки Леоганеи Ҳаитӣ, воқеъ дар ғарби Порто Принтс-пойтахти ин кишвар дар натиҷаи зилзилаи аввали ҳафтаи ҷорӣ бештар аз ҳар шаҳру шаҳраки дигар осеб дидааст. Хонум Елизабет Бирз сухангӯи дафтари СММ барои умури башарӣ дар Женева мегӯяд, аз 80 то 90 дарсади биноҳо дар ин шаҳрак хароб шудаанд. Ба гуфтаи вай, шумораи афроди кушташуда дар ин шаҳрак аз 5 000 то 10 000 нафар тахмин зада мешавад. Аз суи дигар, низомиёни Амрико мегӯянд, баъд аз зизилаи фоҷеъабор дар Ҳаитӣ муваққатан назорат бар фурудгоҳи Порто Принтс -пойтахти ин кишварро дар ихтиёри худ гирифтаанд. Низомиёни Амрико парвози ҳавопаймоҳоеро, ки ба Ҳаитӣ ёрии башарӣ меоранд ва парвозҳоеро, ки хориҷиён ва одамони маҷруҳро ба хориҷ интиқол медиҳанд, ҳамоҳанг месозанд. Гурӯҳҳои ёрии тиббӣ дар шифохонаҳо навбатдорӣ мекунанд, дар ҳоле, ки кормандон дар пойтахт ба поксозии кӯчаву хиёбонҳо ва тақсими халтачҳои оби ошомиданӣ шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG