Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон як гурӯҳи қочоқчӣ ба даст афтод


Бино ба иттлиои хабаргузориҳои маҳаллии Тоҷикистон, кормандони Ожонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон ба фаъолияти яке аз гурӯҳҳои қочоқчӣ дар Тоҷикистон хотима гузоштаанд. Он ожонсӣ гуфтааст, 15-ӯми январ ду нафар аз созмондиҳандагони ин гурӯҳ боздошт шудаанд, ононе, ки ба нуқтаҳои гуногун маводи мухаддир тақсим мекардаанд, то нуқтаҳои мазкур ин маводро ба истилоҳ ба "муштариён" ба савдо зананд. Фаъолияти ин гурӯҳ як рӯзи пеш, 14-ӯми январ ошкор шуд, замоне, ки як сокини 46-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба даст афтод. Аз ин афрод ном бурда намешавад. Ин сокини 46-сола дар зарфи оҳанӣ маводи мухаддир ва пулҳои ба дастомада аз ин муомиларо нигаҳдорӣ мекардааст.
XS
SM
MD
LG