Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Ба Ҳаитӣ ёрӣ бидиҳед!"


Созмони милал аз кишварҳои ёрирасон дархост кардааст, то бо ироаи 562 миллион доллар ба мардуми офатзадаи Ҳаитӣ дасти кӯмак дароз кунанд.

Раҳбари бахши ёриҳои башардӯстонаи СММ Ҷон Ҳелмес гуфтааст, ин маблағ барои ёрӣ ба се миллион нафар тӯли шаш моҳ дар назар дошта шудааст. Зилзилаи рӯзи сешанбе даҳҳо ҳазор нафарро бесарпаноҳ ва бе обу ғизо гузоштааст. То ҳанӯз ҷасади даҳҳо ҳазор қурбонии ин зилзила дар кӯчаҳо хоб аст ва таваҷҷӯҳи аслии ёрирасонҳо рӯи ҷустуҷӯи афроди зиндамонда дар зери харобаҳо ва ирсоли дорувориву ғизо аст.

Дар маҷмӯъ, шумори кушташудаҳо ҳатто то ба 200.000 нафар тахмин зада мешавад, вале феълан имкони дақиқ кардани ин рақам мавҷуд нест. Вазири корҳои дохилии Ҳаитӣ Пол Антуан Биен-Айме ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, то ҳол 50.000 ҷасад ҷамъ шудааст. Ӯ гуфтааст, онҳо тахмин мекунанд, ки шумори кушташудаҳо аз 100.000 то 200.000 мебошад, аммо рақами дақиқ шояд ҳеҷ гоҳ маълум нашавад.

Devastating Haiti Earthquake Kills Thousands
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00


ИМ эълон кардааст, ки ба ҳазорҳо муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Ҳаитӣ, ки дар хоки Амрико ба сар мебаранд, то муддати 18 моҳ иҷозаи кор ва зиндагӣ хоҳад дод ва онҳоро боздошт ва депорт нахоҳад кард.

Дар назар аст, имрӯз, 16-уми январ, котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба Ҳаитӣ сафар кунад. Ҳаитӣ идораи фурудгоҳи Порт-о-Принс, пойтахти худро муваққатан ба дасти Амрико додааст, ва ИМА низ танзими ёриҳоро бар дӯш гирифтааст.

Бандари шаҳр низ хароб шудаааст ва харобии роҳҳо мушкили расидани наҷотдиҳандаҳо ба осебдидагонро бештар мекунад. Бисёре аз ёриҳо тавассути кишвари ҳамсоя – ҷумҳурии Доминикан ба Ҳаитӣ мерасанд.

Хабарҳо ҳокӣ аз онанд, ки мардуми офатзада ба сабаби камбуди об ва ғизо ва набуди сарпаноҳ рӯҳафтода ва дарғазаб ба назар мерасанд. Гуфта мешавад, ки одамони ба хашмомада ба нишони эътироз ҳатто яке аз кӯчаҳои пойтахтро бо ҷасадҳои қурбониён бастанд.

Ҳазорон нафар боз як шабро дар кӯчаву хиёбонҳои Порт-о-Пренс, пойтахти аз заминларза валангоргаштаи Ҳаитӣ рӯз карданд. Ин гуна офати мудҳиш дусад сол боз ба сари мардуми ин кишвари воқеъ дар ҳавзаи Кариб наомада буд.

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, изҳор намуд, ки Иёлоти Муттаҳида мардуми Ҳаитиро дар ин фоҷиа танҳо нахоҳад гузошт ва бузургтарин дар таърихи муосир амалиёти кумаку наҷотбахширо шурӯъ кардааст. Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки ин кумакҳо шояд тайи чанд рӯз ба минтақаи офат бирасанд ва зудтар расидани онҳо ба вазъи роҳҳо, майдони парвози фурудгоҳҳо ва то куҷо бидуни осеб мондани бандарҳо марбут хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG