Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайдулло Хайруллоев дар интихобот ширкат намекунад


Сайдулло Хайруллоев – раиси феълии Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар интихоботи оянда ширкат нахоҳад кард. Бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, Сайдулло Хайруллоев бо хоҳиши шахсӣ аз ширкат дар интихоботи оянда даст кашидааст. Сайдулло Хайруллоев дар интихоботи гузашта аз ҳавзаи якмандатии Рашт ба мақоми вакилӣ пешниҳод шуда буд. Дар интихоботи имсола аз ин ҳавза, Шукурҷон Зуҳуров – вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба мақоми вакилӣ пешниҳод шудааст. Таҳлилгарони тоҷик ҳадс мезананд, ки ба эҳтимоли ғолиб Шукурҷон Зуҳуров – раиси ояндаи Маҷлиси Намояндагон интихоб хоҳад шуд. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 28 феврал баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG