Ҳукумати Чин барои ташаккули афкори умум аз тариқи сомонаҳои интернетӣ масъулият эҳсос мекунад. Дар ин бора намояндаи Шӯрои давлатии Чин Ван Чен изҳорот пахш кард. Ӯ ҳушдор дод, ки дар бахши чиноии Интернет ба нашри маводи тарғибкунандаи фисқу фуҷур, қаллобӣ ва “дорои иттилоъи бардурӯғ” иҷоза дода нахоҳад шуд.
Изҳороти ахири мақомоти Чин посух ба ҳушдори дирӯзаи ширкати бузурги интернетии Google аст, ки аз маҳдудиятҳои сенсурӣ ба танг омада, барои тарки бозори Чин изҳори омодагӣ кардааст.
Изҳороти ахири мақомоти Чин посух ба ҳушдори дирӯзаи ширкати бузурги интернетии Google аст, ки аз маҳдудиятҳои сенсурӣ ба танг омада, барои тарки бозори Чин изҳори омодагӣ кардааст.