Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cадҳо куштаи зилзила дар Ҳаитӣ


Бар асари заминларзаи қавӣ дар Ҳаитӣ даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, заминларза хонаҳои зиёдеро хароб ва мардумро зери овор кардааст.

Аз ҷумла, гуфта мешавад, дафтари посдорони сулҳи Созмони Милал дар шаҳри Порт-о-Принс, пойтахти Ҳаитӣ, ва Кохи раисҷумҳури ин кишвар осеб дидаанд. Маркази зилзила дар ҳамагӣ 15 километр дурӣ аз пойтахти ин кишвар будааст. Шабакҳои мухобиротӣ ҳам бар асари заминларза кор намекунанд.

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, дар вокуниш ба ин фалокат ба мардуми Ҳаитӣ ибрози ҳамдардӣ карда ва гуфт, Иёлоти Муттаҳида омодаи кӯмак ба Ҳаитӣ мебошад. Ҳаитӣ, ки хонаи нӯҳ миллион нафар аст, дар ҷазираи Испаниола бо Ҷумҳурии Доминикан ҷойгир мебошад.

Пажӯҳишгоҳи геологии Амрико гуфт, ба думболи заминларзаи 7 дараҷаӣ Ҳаитӣ шоҳиди ду такони панҷуним ва тақрибан шаш дараҷаӣ шуд. Мақомоти расмӣ ҳушдор додаанд, ки заминларза метавонад эҳтимолан сабаби сунамӣ дар кишварҳои соҳилии баҳри Кариб, Баҳама, Кубо ва Доминикан бишавад.

Ин кишвари фақир хостори ёрӣ аз ҷомеаи байнулмилалӣ шудааст.Амрикову Фаронса ва кишварҳои Амрикои Лотин эълон кардаанд, ки гурӯҳҳои наҷоти худ ва кӯмакҳои заруриро ба Ҳаитӣ мефиристанд. Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико гуфт:

"Мо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пурра кӯмаки худро ба Ҳаитӣ ва дигарон дар минтақа пешниҳод мекунем. Мо барои рафъи харобиҳо ҳам кӯмакҳои башарӣ ва ҳам кӯмакҳои низомӣ омода мекунем. Мардуми мо ба ононе, ки аъзои хонаводаи худро аз даст додаанд, дуо мефиристанд".

Ҳаитӣ тақрибан 9 миллион нафар аҳолӣ дорад ва аз кишварҳои нодор ба шумор меравад.

Devastating Haiti Earthquake Kills Thousands
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
XS
SM
MD
LG