Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кэмпбэлл аз Блэр пуштибонӣ кард


Алистер Кэмпбэлл, ёвари пешини Тони Блэр, дар чаҳорчӯби тафтиши мустақилонаи ширкати Британия дар ҳамлаи низомӣ ба Ироқ дар моҳи марти соли 2003, мавриди пурсуҷӯ қарор гирифт. Алистер Кэмпбэлл, ки он замон сухангӯи сарвазири вақти Британия Тонӣ Блэр буд, дар таҳияи санади ба истилоҳ “парвандаи Ироқ” нақши калидӣ бозида буд. Дар ин санад гуфта мешуд, ки Бағдод силоҳи қатли ом дорад ва бо амри сарфармондеҳи артиш Саддом Ҳусейн онро метавонад баъд аз 45 дақиқа истифода кунад.
Кэмпбелл ба аъзои комиссиюни мустақил гуфт, ки сарвазир Тони Блэр воқеъан ҳам ба соҳиби силоҳи қатли ом будани Саддом Ҳусейн бовар дошт ва ин сабаби аслии ширкати Британия дар оғози ҷанг алайҳи Ироқ буд. Ҳамзамон ӯ сару садоҳоро дар бораи он ки Блэр дар бораи ширкат дар ҷанг бо Ироқ зери таъсири раисиҷумҳури вақти Амрико Ҷорҷ Буш тасмим гирифтааст, рад кард.
XS
SM
MD
LG