Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи норӯшани феҳрасти дуввуми Карзай


Таҳлилгарони афғон ношинохта будани аксари довталабон дар феҳрасти дуввуми номзадҳо ба кобинаи вазирони Афғонистонро як мушкили аслӣ дар роҳи ба даст овардани раъйи мувофиқи Вулусӣ Ҷирга, маҷлиси поёнии парлумони ин кишвар медонанд.

Вулусӣ Ҷирга феълан барномаи кори ҳар кадом аз ин 16 номзадро ба сурати алоҳида баррасӣ мекунад. Аз суолу ҷавобҳои аввалини номзадҳо дар парлумон бармеояд, ки таъкиди онҳо, тавре ҳам ки интизор мерафт, бештар рӯи масоили рушди риштаи таҳти назари онҳо ва ҳам мубориза бо фасод аст. Фасоде, ки Кобулро дар ин авохир мавриди таънаву маломати муттаҳидини ғарбиаш қарор дода, даъватҳо аз Ҳомиди Карзай ба ташкили як давлати тоза ва коромадро дар хориҷ ва дохил афзун кардааст. Масалан, Ҳабибуллоҳ Ғолиб, номзад ба вазирии адлияи Афғонистон ва Абдураҳим Уроз, вазири пешниҳодии нақлиёт, ҳам, дар баррасиҳои парлумонӣ мубориза бо фасодро дар баробари навсозии фаннии ин ришта як омили муҳими пешрафти соҳаи нақлиёт ва ҳавонавардии Афғонистон номиданд.

Вулусӣ Ҷирга дар ду ҳафтаи пеш аз 24 номзади аввал ба кобинаи вазирон 17 нафарро радди салоҳият кард, ки иқдоме дар таърихи сиёсии Афғонистони навин бесобиқа унвон шуда, бӯҳрони сиёсӣ дар ин кишвари ҷангзадаро боз ҳам амиқтар кард. Ҳомид Карзай, ки дар пайи пирӯзӣ дар як интихоботи пурбаҳс ва ба бовари рақибони ӯ, пуртақаллуб, ба даври дуввуми раёсаташ оғоз кард, ба ин тартиб, натавонист нахустин чолиши баъд аз ин интихобот барояш пешомадаро бидуни мушкил пушти сар кунад.

Ӯ ахиран рӯйхати 16 номзади ҷадид ба узвияти кобинаи вазиронро ба парлумон ироа кард, ки аксар афроди камшинохтаанд. Аз чеҳраҳои маъруфтар дар рӯйхати нав яке мушовири қадими Карзай дар масоили амниятӣ Залмай Расул аст, ки феълан номзад ба вазорати умури хориҷист. Ин дафъа ба ивази Исмоилхон, ки номзадиаш ба вазорати обу энержӣ дар раъйгирии аввал радд шуд, касе муаррифӣ нашуда ва симати вазири мухобирот ҳам ҳанӯз холист.

Ин феҳраст ба фарқ аз рӯйхати аввал, ки ҳамагӣ як номзади зан ба курсии вазорат дошт, ин дафъа се номзади занро дар бар мегирад, вале ба гуфтаи нозирони умур, афзоиши теъдоди занон шояд аз камшумор бартариҳои рӯйхати нави вазирон аз он яки қаблист. Коршиноси афғон Азиз Рӯиш мегӯяд, ба истиснои як ё ду бақияи номзадҳо таҷрибаи кор дар сатҳи олии ҳукумати Афғонистонро надоранд ва чандон шинохта ҳам нестанд, ки метавонад барояшон дар роҳи ба даст овардани раъйи мувофиқи Вулусӣ Ҷирга мушкил эҷод кунад.

Дар пайи интихобот як даъвати муттаҳидини ғарбиаш аз Ҳомид Карзай ин буд, ки бо роҳи гуфтугӯи сиёсӣ рақибони интихоботиашро низ ҷалб карда, як давлате ташкил диҳад, ки фарогири ҳамаи қишрҳову гурӯҳҳои сиёсии матраҳ дар саҳнаи Афғонистон бошад. Аммо на дар феҳрасти аввал ва дар ин дуввумӣ ҳеҷ кадоме аз рақибони умдаи Карзай дар интихоботи 20-уми август – на доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ, на Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва на Рамазон Башардӯст дида намешаванд.

Карзай аз байни 41 довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ, албатта, як ё ду нафарро ба ҳайъати кобина даъват кардааст, вале онҳоеро, ки дар интихобот раъйи зиёде наоварда буданд. Ваҳиди Мужда, таҳлилгари масоили сиёсии Афғонистон аммо мегӯяд, Карзай ҳарчанд худи рақибони умдаашро ба узвияти кобина нахондааст, вале ба ҳайъати давлати худ бархе аз ёрони интихоботии рақибонашро хостааст.

Ваҳиди Мужда мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб, парлумон то 50 дарсад аз феҳрасти дуввуми пешниҳодшударо низ радд кунад. Ба назари ин таҳлилгар, интихоби аъзои кобина як имтиҳони хеле мушкил барои Ҳомид Карзай буд, ки мебоист ҳам куллия гурӯҳҳои матраҳ дар саҳнаи Афғонистони ҷангзада ва ҳам муттаҳидини ғарбии давлаташро қаноати комил медод, вале тавре бармеояд, ҳанӯз на ин ба дасташ омадаву на он.

Таҳлилгари дигари афғон Азизи Рӯиш мегӯяд, ҳамин омил – талоши ахзи қаноат ва ризоияти комили ҳама гурӯҳҳои зидахли дохиливу хориҷист, ки Ҳомиди Карзайро дар даври аввал дучори нокомӣ кард ва ҳоло дар пешорӯи як нокомии дигар қарор додааст.

Пойфишории Ҳомид Карзай ва мушовиринаш ба ин аст, ки парлумон то 28-уми январ – таърихи оғози анҷумани байналмилалии масоили Афғонистон дар Лондон ҳайъати кобинаро пурра тасвиб кунад ва Кобул бо як ҳайъати мукаммали кобинаи вазирон роҳии ин анҷуман шавад. Азиз Рӯиш мегӯяд, азбаскӣ аксари аъзои пешниҳодии кобина афроди камшинохтаанд, мушкил аст гуфтан, ки ин давлати нав то куҷо муассир ва коромад воқеъ хоҳад шуд, вале шева ва сифати кори ин кобина, ба хусус дар самти мубориза бо фасод, ки Кобулро дар саҳнаҳои байналмилалӣ ин қадар бадном ва ангуштнамо кардааст, ба назари таҳлилгарон, ба ояндаи сиёсии ҳам ин кобина ва ҳам худи Ҳомид Карзай беасар нахоҳад монд.
XS
SM
MD
LG