Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссиюни мустақил ёвари Блэрро пурсуҷӯ мекунад


Имрӯз як ёвари пешини Тони Блэр, дар чаҳорчӯби тафтишоти мустақилонаи ширкати Британия дар ҳамлаи низомӣ ба Ироқ дар моҳи марти соли 2003, мавриди пурсуҷӯ қарор мегирад. Алистер Кэмпбэлл, ки он замон сухангӯи сарвазири вақти Британия Тонӣ Блэр буд, дар таҳияи санади мавсум ба “парвандаи Ироқ” нақши калидӣ дошт. Дар ин санад гуфта мешуд, ки Бағдод силоҳи қатли ом дорад ва 45 дақиқа баъд аз амри сарфармондеҳи артиш Саддом Ҳусейн онро метавонад истифода кунад.
Интизор меравад, ки ба зудӣ худи Тони Блэр ҳам мавриди пурсуҷӯи комиссиюни мустақили тафтиши қазияи ширкати Британия дар ҳамлаи низомӣ ба Ироқ дар моҳи марти соли 2003 қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG