Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози боздиди расмии Эрдуғон аз Русия


Раҷаб Тайиб Эрдуғон – нахуствазири Туркия, имрӯз боздиди расмии дурӯзааш ба Маскавро оғоз бахшид ва дар ҷараёни ин боздид аз ҷумла бо Владимир Путин – ҳамтои руси худ, мулоқот хоҳад кард. Интизор меравад, дар гуфтӯгуи тарафҳо ба масоили ҳамкорӣ дар арсаи иқтисоду энержӣ ва амният тавваҷӯҳ шавад. Сафари нахуствазири Туркия ба Маскав ба думболи боздиди Владимир Путин дар моҳи августи соли 2009 милодӣ сурат мегирад. Дар ҷараёни ин сафар, Владимир Путин ҳимояти Туркияро барои бунёди лӯлаи гази Маҷрои Ҷанубӣ ба даст овард, ки гази Русияро аз тариқи қаламравҳои обии Туркия дар Баҳри Сиёҳ то ба Булғористон ва бозорҳои дигари Аврупо хоҳад расонд. Лӯлаи Маҷрои Ҷанубиро рақиби лӯлаи Набукко медонанд, ки аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо ҳимоят мешавад ва бояд гази Баҳри Хазарро бидуни убури Русия аз тариқи хоки Туркия ба Аврупо расонад.
XS
SM
MD
LG