Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Мак Кристал:"Бахт аз Толибон рӯй тофтааст".


Имрӯз як фармондеҳи боломақоми нируҳои амрикоӣ дар Афғонистон гуфт, ки ба сабаби афзоиши шумораи нируҳои Амрико дар ин кишвар "бахт аз Толибон рӯй тофтааст". Генерал Стейнлӣ Мак Кристал ба телевизиони ABC-и Амрико гуфт, вуруди нируҳо чигунагии амалиёти амрикоиҳо дар Афғонистонро тағир додааст ва вокунишҳои зуди Толибон ба кундӣ рӯ ба рӯ шудааст. Бо вуҷуҷди чунин пешравӣ ин нируҳо масъулияти худро ҳанӯз такмил накардаанд. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дастур додааст, ки ба Афғонистон 30 000 нируи изофӣ фиристода шавад. Бад-ин таритб, шумораи нируҳои Амрико дар Афғонистон ба 98 000 нафар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG