Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонон ба ояндаи кишварашон хушбинанд


Натиҷаҳои як назарсанҷӣ, ки имрӯз дар Кобул мунташир шуд, ҳокист, ки бисёре аз афғонҳо нисбат ба як соли пеш ба ояндаи кишвари худ хушбин ҳастанд. Беш аз 1 500 нафар дар назарсанҷии созмони байналмилалии матбуотӣ ширкат кардаанд ва 70 дарсади онҳо бар ин назаранд, ки кишварашон роҳи рушди дурустро дар пеш гирифтааст. Соли гузашта ин нишондод 40 дарсадро ташкил мекард. Бо вуҷуди ин, 95 дарсади ширкаткунандагони ин назарсанҷӣ гуфтаанд, ки мубориза бо ришвахорӣ мушкили аслии ин кишвар боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG