Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттакӣ бо раҳбарони Сурия мулоқот мекунад


Имрӯз Манучеҳр Муттакӣ-вазири умури хориҷаи Эрон барои музокира бо раҳбарони Сурия вориди Димишқ шуд. Вай ҳамзамон бо раҳбарони сиёсии муҳоҷири Фаластин ва Ҳизбуллоҳ дар Димишқ низ мулоқот мекунад. Мақомоти расмии Сурия гуфтаанд, дар музокирот бо Валид ал Муаллим-вазири умури хориҷаи Сурия ва президент Асад ҷонибҳо аслан ба ду масъала, яъне ба муноқишаи миёни Исроилу Фаластин ва интихоботи қарибулвуқуи порламонии Ироқ таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Намояндагони дипломатии Эрон мегӯянд, оқои Муттакӣ дар сафоратхонаи Эрон дар Димишқ Ҳусейн ал Ҳоҷ Ҳасан -Дабири Кулли дар ғурбат будаи Ҳизбуллоҳ ва раҳбарони дигари ҷиноҳҳои Фаластинро ба ҳузур мепазирад.
XS
SM
MD
LG