Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон -- узви ал-Қоида?


Сарбозони СММ дар Лубнон, дар наздикии марзи он бо Исроил, 4 майи соли 2009.
Сарбозони СММ дар Лубнон, дар наздикии марзи он бо Исроил, 4 майи соли 2009.

Тибқи хабарҳо, додгоҳи Лубнон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар шабакаи ал-Қоида ва талоши ҳамла ба нерӯҳои Созмони Милал ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Додгоҳи ҳарбии Лубнон гуфтааст, як шаҳрванди Тоҷикистон ва ду ҳамроҳи ӯ -- шаҳрвандони Кувейт ва Сурияро бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи террористӣ ва нақшаи ҳамла ба нерӯҳои муваққатии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳасб абад маҳкум кард. Гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон, Муҳаммад Сияров, ки асосан дар Афғонистон даст ба амалиёт мезадааст, аӣиран бо Муҳаммад Абдулносир ал-Доссарӣ аз Кувейт ва Самир Ҳиҷозӣ аз Сурия як гурӯҳи марбут ба ал-Қоидаро таъсис дода, ба ҷамъоварӣ пул ва силоҳ машғул шудааст.

Тибқи асноди додгоҳ, онҳо фаъолияти худро бо тундравони гурӯҳҳои Фатҳ-ул-Ислом ва Ҷунд-ал-Шам ҳамоҳанг карда, дар Сурия мулоқот кардаанд ва дар урдугоҳи Айн-ул-Ҳилвейи Лубнон ба ҷамъоварии сармоя ва силоҳ машғул гашта, ҳадаф доштаанд, ки бар зидди ҳукуматҳои Сурия ва Лубнон амалиёт ба роҳ монанд.

Ал-Доссарӣ бо тахаллуси "Абӯталҳа" рӯзи 4-уми декабри соли 2009 дар фурудгоҳи Бейрут дар ҳоле боздошт шуд, ки талош мекард, бо шиносномаи қалбакии шаҳрванди Марокаш вориди Лубнон мешуд. Ду шарики ӯ, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон Сияров, дертар дар Бейрут боздошт шудаанд.

Ал-Доссарӣ қаблан, дар соли 2000 дар кишвари худ -- Кувейт боздошт ва ба 7 сол зиндонӣ шудааст. Дертар ӯ ба Сурия кӯчида, ин ҷо пинҳон гаштааст. Хадамоти иктишофии Лубнон мегӯяд, Доссарӣ дар поёни соли гузашта, аз Эрон ва Афғонистон низ убур карда, дар Лубнон ба чашм хӯрдааст.

Манобеи хабарӣ мегӯянд, Ҳиҷозӣ ҳамчун узви ал-Қоида дар Ироқ ва Сияров дар Афғонистон фаъолият доштаанд.

Тафсилоти бештари хабар дар ҳамин ҷо дертар ба нашр хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG