Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи дижи сеошёнаи қадимӣ дар наздикии Панҷакент


Бостоншиносони тоҷик ва шветсарӣ дар ҷараёни як ҳафриёти муштарак дар дижи Сангаршоҳ воқеъ дар 12 километрии шарқи шаҳри Панҷакент бинои мудаввари сеошёнаро кашф кардаанд, ки сохти меъмории он хеле нодир аст. Дар ин бора Шарофиддин Қурбонов-бостоншинос ва донишманди тоҷик, ки дар ин ҳафриёт ширкат дошт, ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Ҳангоми ковишҳо дижи мудаввари иборат аз се ошёна ва дорои санъати баланди меъмории суғдӣ пайдо кардем, ки он дар илми бостоншиносӣ ҳамто надорад. Шабеҳи ин гуна диж, тибқи сарчашмаҳои бостоншӯиносӣ, танҳо дар давраи атиқаи Хоразм мавҷуд мебошад".

Бино ба гуфтаи Қурбонов, дар маҳали ҳафриёт таҳқиқи ин бозёфт идома дорад ва он дар омӯзиши фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷикон сафҳаи наве боз мекунад.

XS
SM
MD
LG