Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангола ҳамла ба футболбозони Тогоро маҳкум кард


Хосе Эдуардо Дос Сантос – раиси ҷумҳури Ангола, зимни ифтитоҳи мусобиқоти футболи Ҷоми Африқо, ҳамлаи маргбори ҷудоихоҳон ба дастаи миллии футболи Тогоро маҳкум кард. Рӯзи якшанбе зимни суханронӣ дар шаҳри Луанда, вай гуфт, “Мо ин иқдоми терористиро маҳкум мекунем, вале мусобиқот дар Кабинда идома хоҳад кард.” Того рӯзи якшанбе аз ширкат дар бозиҳои Ҷоми Африқо даст кашид ва Эммануэл Адебайор – капитани тими миллии Того, гуфт, ки футболбозони кишвараш бо тавсияи ҳукумат ба ватан бармегарданд.
XS
SM
MD
LG