Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи набарди Аврупо бо сармои шадид


Олмону Лаҳистон аз чанги барфбориҳои шадиде, ки мунҷар ба қатъ шудани ҳаракати нақлиёт ва тавзеъи об дар бархе манотиқи Аврупо шуд, ба оҳистагӣ берун мешаванд.
Хабаргузории лаҳистонии PAP мегӯяд, болои хутути нирӯи барқ уфтодани дарахтони пурбарф боиси аз барқ маҳрум мондани қариб 80 000 нафар дар айни сармо шуд.
Дар бархе манотиқи Олмон ҳаракати қарорҳои роҳи оҳан қатъ шуда, ба манзури аз асорати барф раҳо кардани беш аз 160 нафари дармонда дар як шоҳроҳ дар шимолу шарқи Олмон ҳатто сӯхторнишонҳоро басиҷ кардаанд. Ҳаракати паромҳо дар баҳри Балтик низ ба маҳзи сармо қатъ шудааст.
XS
SM
MD
LG