Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии дигарбораи Аҳмадинажод аз барномаҳо


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи шанбе гуфт, таҳримоти бештари Шӯрои Амнияти СММ ҳам Теҳронро аз таъқиби барномаҳои баҳсбарагези ҳастаияш пас нахоҳад гардонд. Аҳмадинажод ҳамчунин гуфт, Эрон дар муқобили фишорҳои байналмилалӣ дар пешбурди барномаҳои ҳастаии худ заррае ақиб нахоҳад нишаст. Ғарб бар ин назар аст, ки Эрон дар зери ин барномаҳо дар пайи сохтани силоҳҳои ҳастаист. Вале Теҳрон ин иддаоро радд карда, мегӯяд, танҳо ҳадафаш тавлиди нирӯи барқи ҳастаист.
Қудратҳои ҷаҳонӣ аз Теҳрон тақозо карда буданд, то поёни соли 2009 пешниҳоди Ожонси байналмилалии назорати нирӯи атомӣ дар мавриди дар хориҷ анҷом додани ғанисозии ураниуми лозим барои корхонаҳои ҳастаии Эронро бипазирад. Аммо Эрон ин зарбулаҷалро қабул накард ва акнун дар рӯбарӯи эҳтимоли эъмоли таҳримоти сангинтари СММ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG