Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти гази Узбакистон ба Тоҷикистон коҳиш ёфт


Узбакистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро 30 дар сад коҳиш дод. Ба иттилоъи Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати “Тоҷиктрангаз”, интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя аз 480 ҳазор метри мукааб то 336 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз кам шуд. Ба гуфтаи ӯ, “Тоҷиктрансгаз” айни ҳол аз ширкати гази Узбакистон қарздор нест ва аммо кишвари ҳамсоя пешпардохти газро талаб дорад. Шавкат Шоимов гуфтааст, ки ширкати гази Тоҷикистон “айни ҳол маблағи кофӣ дар ихтиёр надорад ва фақат барои ду-се рӯз метавонад ҳаққи истифода аз ин маводи сӯхтро пешпардохт кунад”. Бар асари коҳиши содироти газ аз сӯи Узбакистон, интиқоли он ба ҳама истеъмолкунандагон ва, аз ҷумла, корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ва корхонаи семент кам карда мешавад.
Тибқи созиши охири моҳи гузашта ҳосилшуда, соли равон Тоҷикистон аз Узбакистон 250 миллион метри мукааб газ харидорӣ хоҳад кард. Ба иттилоъи “Тоҷиктрансгаз”, нархи ин маводи сӯхт баъд аз рӯзи 10 январ бо назардошти қимат дар бозори ҷаҳонӣ муқаррар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG