Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Барак Обама аз ниҳодҳои амниятии ИМА


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар бораи тақвияти чораҳои амниятии кишвар баъд аз ҳамлаи номуваффақи террористии рӯзи 25 декабр суханронӣ кард.

Вай гуфт, он ки шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдумуталлаб тавонист бо маводи тарканда вориди ҳавопаймо шуда, ба қаламрави Амрико биёяд, аз нокомии на як шахси масъул ё ягон ниҳоди амниятӣ, балки аз ноком шудани тамоми низоми амниятии кишвар шаҳодат медиҳад.

Он ки шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдулмуталлаб тавонист бо маводи тарканда вориди ҳавопаймо шуда, ба қаламрави Амрико биёяд, аз ноком шудани тамоми низоми амниятии кишвар (ИМА) шаҳодат медиҳад ...
Обама афзуд, ин иштибоҳ ҳаёти наздик ба 300 шаҳрванди амрикоиро зери хатар гузошт ва ба ҳамин хотир ҳам вай вазири амнияти миллӣ Ҷанет Наполитано ва мушовири раисиҷумҳур дар умури амният ва амалиётҳои зиддитеррористӣ Ҷон Бренанро муваззаф кард, ки ду гузориши ҷудогона дар бораи таъмини амният дар фурӯдгоҳҳо ва феҳристи гумонбаршудагон дар терроризмро таҳия кунанд.

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки хулосаҳои мутахассисонро омӯхта, чораҳои зарурӣ хоҳад дид. Вай афзуд, “имрӯз ман ба ниҳодҳои мухталифи давлатӣ амр додам, ки гомҳои ислоҳотии иловагӣ бардоранд. Васеътар гӯем, онҳо чор бахшро дар бар мегиранд. Пеш аз ҳама ман амр кардам, ки ҷомеаи истихборотиамон фавран муваззаф аст, ки тамоми мадрак ва иттилоот дар бораи таҳдидҳои ҷиддиро думбол ва таҳқиқ кунад. На аксарияти ин маълумот, балки тамоми ин маълумот бояд мавриди омӯзиш ва таҳқиқи бодиққат ва фаъол қарор дода шавад”.

Раҳбари Амрико инчунин гуфт, ки ҷомеаи истихборотӣ бояд маълумоти муҳими ба даст омадаро ба тамоми ниҳодҳои зидахл интишор кунад, чунки маълумоте, ки метавонад ҳаёти мардуми бегуноҳро ҳифз намояд, набояд пинҳон нигаҳ дошта шавад.

Президенти Амрико гуфт, ҳамлаи номуваффақ нишон дод, ки таҷҳизот барои тафтиши мусофирон дар фурӯдгоҳҳо ҷавобгӯи талаботи имрӯза нест ва наметавонад маводи таркандаро ошкор кунад. Ва барои ҳамин ҳам вай амр кардааст, ки барои муҷаҳҳаз сохтани фурӯдгоҳҳо бо дастгоҳҳои нав соли ҷорӣ беш аз як миллиард доллар ихтисос дода шавад.
XS
SM
MD
LG