Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал Қоида мегӯяд, бо кушторе қасосашро ситонидааст


SITE-як гурӯҳи нозири амрикоӣ мегӯяд, дар паёме, ки гӯё онро Ал Қоида дар интернет гузоштааст, навишта шудааст, ки ин шабака 30-юми декабр бо куштори 7 нафар кормандони Созмони марказии кашфи Амрико қасоси худро аз амрикоиҳо барои ҳамлаи як ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба минтақаи қабиланишини Покистон ситонидааст. Шаҳрванди боздлштшудаи Урдун, ки ҳоло мегӯяд, барои Ал Қоида кор мекардааст, худро дар назди пойгоҳи низомиёни Амрико дар Афғонистон хабаррасон муаррефӣ кардааст ва гуфтааст, ки дар бораи раҳбарони Ал Қоида дар Покистон маълумот медиҳад. Вай бо ҳамин баҳона вориди пойгоҳ шудааст ва 7 корманди Си Ай Эй -ро ба қатл расондааст.
XS
SM
MD
LG