Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоӣ дар Алма-Ато ба ҳимоят аз хабарнигорон


Имрӯз дар Алма-Атои Қазоқистон ба нишони пуштибонӣ аз хабарнигорони зиндонӣ як раҳпаймоӣ барпо шуд. Ин намоиш, ки таҳти шиори “Озодӣ ба хабарнигороне, ки барои фаъолияти касбӣ зиндон шудаанд!” баргузор шуд, ба солгарди аввали боздошти Рамазон Есергепов бахшида шуд. Есергепов, сардабири ҳафтавори “Алма-Ато Инфо” бо ҷурми нашри асноди ғайримуҷоз ба 3 соли зиндон маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG