Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се ҷангии захмишудаи Ал-Қоида дар Яман


Вазорати умури дохилии Яман мегӯяд, нирӯҳои амниятӣ се ҷангии эҳтимолии Ал-Қоидаро, ки дар ҷараёни амалиёти ду рӯз пеш дар наздикии пойтахт, шаҳри Санъо ҷароҳат бардоштанд, боздошт кардаанд. Пулис бидуни ифшои ҳуввияти боздоштшудагон гуфт, ки онҳоро имрӯз дар бемористоне дар шимоли Санъо ба даст овардаанд.
Амалиёти рӯзи душанбе дар пайи ба далели таҳдиди ҳамлаи эҳтимолии Ал-Қоида баста шудани сафоратхонаҳои Амрико ва чанд кишвари Аврупо сурат гирифта, мунҷар ба ҳалокати ду ҷангӣ шуд. Сафоратҳои басташуда ба дунболи ин амалиёт фаъолияти худро аз сар гирифтанд.
XS
SM
MD
LG