Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Раҳмон ба харидории саҳмияҳои Роғун


Хабаргузориҳои маҳаллӣ аз қавли дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, ки шоми имрӯз раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор аст дар муроҷиати телевизиониаш аз мардуми кишвар бори дигар ба харидории саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун даъват кунад. Фардо, 6 январ рӯзи расмии шурӯи фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун аст, ки куллан дар ҳаҷми шаш миллиард сомонӣ, муодили беш аз 1,370 миллиард доллар ба бозор арза мешаванд. Қимати саҳмияҳо аз 100 то 5000 сомонӣ муқаррар шуда барои харидорӣ ба шаҳрвандони оддӣ ва ҳам сохторҳои маъмуриву давлатӣ ва тиҷоратӣ пешниҳод мешаванд. Тоҷикистони ташнаи истиқлолияти энержӣ ният дорад тавассути бунёди Роғун, ки чандин сол аст бо мушкили маблағгузорӣ рӯбарӯ шудааст, эҳтиёҷоти барқии худро бароварда созад. Ҳаҷми саҳмияҳои барои фурӯш пешниҳодшуда танҳо бахши авввали сохтмони нирӯгоҳи Роғунро пӯшонда метавонад.
XS
SM
MD
LG