Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р. Зоиров номзадии худро аз ҳавзаи Сино пешниҳод кард


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, номзадии хуро аз ҳавзаи ноҳияи Синои пойтахт пешниҳод кардааст. Чунин қарор дар нишасти шӯрои сиёсии ин ҳизб қабул шудааст.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон қаблан феҳрасти номзадҳои худ барои ширкат дар интихоботи порлумониро муаррифӣ карда буд, ки номи Раҳматулло Зоиров дар аввали ин рӯйхат аст. Шӯрои сиёсии ҲСДТ дар ҷамъ номзадии 22 намояндаи худро тасдиқ ва ба КМИР ироа кардааст.
Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки шояд бархе аз ин номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ низ номзад шаванд, имкон дорад, шумори номзадҳо дар феҳрасти ҳизбӣ коҳиш пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG