Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон ба сохтмони Роғун кӯмак мекунанд


Кабирҷон Ҷӯраев- муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон эълон кардааст, ки кумитаи мазкур ва ниҳодҳои зердасти он ба ҳисоби сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун 50 000 доллар интиқол додаанд. Ин ниҳод ҳамчунин дар рӯзҳои ҷашни Соли Нав барои коргарони сохтмони ниругоҳ бо ширкати овозхонон ва ҳунармандон барномаҳои консертӣ созмон додааст. Бино ба хабари муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, дар рӯзҳои ҷашни Соли Нав гурӯҳе аз ҷавонони Тоҷикистон аз маҳали сохтмони ниругоҳ боздид ва бо коргарон мулоқот анҷом додааст. Меҳмонон ба коргарон китобҳо ва сомонолоти бозиҳои варзишӣ тақдим кардаанд.
XS
SM
MD
LG