Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боинг 737-800 аз хатти парвоз берун шуд


Дар фурудгоҳи шаҳри Дортмунд, воқеъ дар ғарби Олмон, як ҳавопаймои мусофирбар пеш аз ба ҳаво хестан аз хатти парвоз берун шуд. Дар ин ҳодиса ба нафаре аз 165 мусофир ва 6 сарнишин осебе нарасидааст. Гуфта мешавад, ки сарнишинҳо баъди вориди хатти парвоз шудан аз як иллати ҷиддии техникӣ огаҳ шуданд ва талош карданд, ки ҳавопайморо боздоранд. Бар асари ин ва шамоли сахт ҳавопаймои Боинг 737-800 аз хатти парвоз берун шуд ва вориди барфтудаҳо гардид. Сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса таҳқиқ мешавад. Ҳавопаймо бояд ба ҷазираҳои Канарӣ парвоз мекард.
XS
SM
MD
LG