Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаттоҳ Одина даргузашт


Оҳангсози маъруфи тоҷик Фаттоҳ Одина имрӯз, сеюми январ, дар шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Дили Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон, лауреати мукофоти ба номи А.В. Александров ва дорандаи ҷоизаи давлати Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ рӯзи 2-юми январ дар синни 72-солагӣ аз таппиш бозмонд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ки дар маросими ҷанозаи оҳангсози маъруф сухан ронд, гуфт, Фаттоҳ Одина тамоми умр, истеъдод ва ҳунари худро ҷиҳати рушду камоли санъат ва инкишофи мусиқии касбии миллии тоҷик сарф намуд. Дар ин маросим адибон Гулрухсор, Гулназар Келдӣ, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, иштирок ва дар бораи нақши Фаттоҳ Одина дар рушди санъати мусиқии миллӣ ёдовар шуданд.

Дар маросими ҷанозаи оҳангсоз гуфта шуд, дар асарҳои ӯ мавзӯъҳои Ватан, муҳаббат ба инсон, ишқи пок, васфи табиат ва арзишҳои умумибашарӣ тараннум меёфтанд. Қудратулло Ҳикматов раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, реҳлати Фаттоҳ Одинаро талафоти бузург ба санъати мусиқии асили тоҷик номид ва гуфт, исми ӯ дар таърихи санъати мусиқии тоҷик бо даҳҳо оҳанг, мусиқӣ барои хор ва фортепиано, асарҳои камеравӣ ва симфонӣ, вокалӣ, оркестри созҳои мардумиву эстрадӣ ва мусиқиҳои дилнишин барои филмҳо боқӣ хоҳад монд. Саидқул Билолов, роҳбари гурӯҳи «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио, гуфт, Фаттоҳ Одина шоҳсутуни санъати мусиқии миллӣ буд ва мусиқии миллиро бо мусиқии ғайр омезиш намедод.

Фаттоҳ Одина (Абдулфаттоҳ Одинаев) 22-юми июли соли 1938 дар Кангурт таваллуд шудааст. Соли 1957 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, соли 1962 консерваторияи давлатии ба номи Чайковский ва соли 1966 аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории бо номи Гнесинро дар Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) хатм кардааст. Дар Вазорати маданияти Тоҷикистон (ҳозира фарҳанг) кор кардааст. Дар солҳои 1971-1978 роҳбари бадеии Филармони давлатии Тоҷикистон будааст. Мудирияти кафедраи факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории Душанберо бар дӯш доштааст.

Операи аввалини оҳангсози марҳум бо номи «Парасту» дар соли 1966 аз рӯи достони шоира Жола офарида шуда, дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта шудааст. Достони «Аҳурамаздо» ва операи бачагонаи «Бузаки ҷингилапо» аз асарҳои маъруфи ӯ мебошанд.

Насли солҳои панҷоҳуми асри бист сурудҳои «Ватанро месароям», «Иқболи баланд», «Бақои дустӣ», «Ману дарё», «Тоҷикистон», Арӯси 18-сола», «Аспи саманд», «Маъвои Роғун», «Садбарги сафед» ва «Аскарбача»-и ӯро дар ёд доранд.

Барои филмҳои «Хиёнат», «Хатти парвоз», «Ашк ва шамшер», «Вохӯрӣ дар дараи марг» ва барои намоишномаҳои театрии «Рустам ва Сӯҳроб», «Шоҳ Лир», «Роҳзанҳо», «Кабки қафас» ва ғ. оҳанг офаридааст. Асарҳои камеравии «Фалак», «Лолаи ёлаҳо», «Ироқи дарвозӣ», офаридаҳои симфонии «Увертюраи ҷавонӣ», «Дар Помир», «Ҳисори ман», Мавригӣ», «Падарамро набаред» ва ғ. ба хазинаи санъаи мусиқии тоҷик ворид шудаанд.
XS
SM
MD
LG