Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Афғонистон аз тасдиқи ду вазир сарпечӣ кард


Парлумони Афғонистон аз номзадии Абдул Вардак дар мақоми вазири дифоъи кишвар пуштибонӣ кард. Ва аммо ҳадди аққал ду номзади пешниҳодшуда – довталаби раёсати вазорати энерҷӣ Исмоил Хон ва номзад ба мақоми вазири адлия Сарвар Дониш ба дарёфти раъйҳои вакилони муваффақ нашуданд.
Номзадии ҳар вазири ҳукумати нав алоҳида ба овоздиҳӣ гузошта шуд. Қабл аз ин номзадҳо ба кобинаи вазирони Афғонистон мавриди баҳсу баррасӣ дар парлумон қарор гирифта буданд. Ҳомид Карзай ташкили ҳукумати навро охирҳои моҳи гузашта анҷом дода буд. Кишварҳои ғарбӣ аз раисиҷумҳури Афғонистон, ки тирамоҳ дубора дар мақомаш интихоб шуд, ва аз аъзои ҳукумати нав хостори тақвияти мубориза бо ришвату фасод шудаанд.
XS
SM
MD
LG